БОЗДИД АЗ МАКТАБҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Аз 11-ум то 13-уми апрели соли 2024 намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии русию тоҷикӣ ба номи А.П. Чехов дидан намуданд.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии русию тоҷикӣ ба номи А.П. Чехов Мубинахон Хоҷаева ба ҳайати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вижагиҳои кори таълиму тарбия маълумот дод. Сипас масъулин аз синфхонаҳо, ҳавзи шиноварӣ ва толори фарҳангӣ дидан намуданд.
Намояндагони вазорат бо мақсади шиносоӣ аз сатҳу сифати дониши хонандагон аз шогирдони синфҳои 5-9 аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, инчунин, аз фанҳои физика, математика, таъриху биология санҷиш гузарониданд.
Аъзои маҳфили “Кайҳоннавардони наврас”-и муассиса аз синфи 4 “А” дар доираи машғулияти беруназсинфӣ бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон дониш ва қобилияти эҷодии худро намоиш доданд.
Омӯзгорони муассиса таъкид намуданд, ки тавсияҳо ва дастурҳои пурарзиши намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати таълим ва фароҳам овардани шароити созгор баҳри рушди дониши хонандагон мусоидат мекунанд.
Салима МӮСОЕВА,
“Омӯзгор”